Сайёра фарзанди ягонаи Фаридро ба қатл расонид. Фарид Сайёраро барои қатли фарзандаш бад мебинад ва мехоҳад аз ӯ қасосашро бигирад. Аммо баъди ошно шудан аз ҷаҳони ботинии духтар ва ҳодисаҳои ба миён омада, Фарид ба андеша фурӯ меравад, ки фарзандашро чигуна тарбия кардааст?! Ҷавондухтар марди рӯзгордида ва ҷаҳонгаштаро маҷбур мекард, то ботини худро дарёбад. Фарид пас аз ин задухӯрдҳои ботинӣ ба худ суол медиҳад, ки оё муҳайё сохтани шароит ва иҷро кардани тамоми хоҳишҳои фарзандаш ҳамчун падар дуруст буд? Ба ғайр аз маблағ ба мерос боз чӣ боқӣ гузошт? Чихел ва барои чӣ бояд дар ин дунё зиндагӣ кард? Ин ва дигар масъалаҳои мубрам дар филми «САЙЁРА РАНГ ИВАЗ МЕКУНАД» баррасӣ мешаванд.

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *