Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов» 1-уми марти соли 2015 фаъолияташро расман оғоз карда, ба офаридани филмҳои ҳунариву ҳуҷҷатӣ машғул аст. Имсол Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов» се сола шуд.

Нахустин филме, ки муассиса ба навор гирифта буд, филми кутоҳҳаҷми «Коса» мебошад. Он дар бораи муносибатҳои оилавии се насл- падар, писар ва набера нақл мекунад ва аз қиссаҳои мардумӣ гирифта шудааст. Дар филми мазкур ҳунармандони маҳбуб Ислом Саломов, Сайёда Турсунова, Бунёд Комилов ва ҳунарманди хурдсолу умедбахш Насим Раҳматуллоев нақш офаридаанд.

Дуввумин филми Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов» «12 соли интизорӣ» унвон гирифтааст. Дар филми мазкур низ ҳунармандони ҳирфаӣ ҷалб гардида, нақшҳоро боз ҳам самимиву таъсиргузор офариданд: Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Таҳмина Раҷабова, Муҳаммадҷон Шодиев, Нозим Меликов, Моҳпайкар Ёрова, Насриддин Асадуллоев, Хуршед Мустафоев, Дилбар Сулаймонова ва дигарон.

Пас аз ин, гурӯҳи эҷодии муассиса худро дар офаридани филми мустанад санҷиданд. Рӯзгор ва осори шоираи ширинкалом Фарзонаро ба риштаи тасвир кашида, филми мустанади «Духтари Сайҳун»-ро навор бардоштанд. Дар филм ба ғайр аз саҳнаҳои бо ҳунармандон омодашуда,  наворҳо аз бойгонии шахсии шоира, сӯҳбатҳо бо наздикон ва ҳатто ҳамқаламони бурунмарзияш истифода шудаанд.

Филми «Тангно» низ яке аз филмҳои ҳунарии Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов» ба ҳисоб меравад, ки аз рӯйи асари «Тангнои гетӣ»-и нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ба навор гирифта шуда, соли 2017 нахустнамоишаш баргузор гардид. Филм дар Панҷакент ва Маскав наворбардорӣ шудааст. Филм аз вазнинии ҳаёти писарбачае бо номи Армон қисса мекунад. Барои нақшофарӣ дар филми «Тангно» ҳунармандони ҳирфаӣ низ ҷалб шудаанд: Раҷабгул Қосимова, Аҳлидин Шарипов, Бунёд

Комилов, Истад Мамадҷонова, Умарҷон Сатторов, Ғайрат Ҳамроқулов, Суҳроб Ҷанҷолов ва дигарон.

Дар соли 2017 Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов» боз як филми ҳуҷҷатиро бо унвони «Соҳибватан» ба навор гирифт, ки аз муваффақияти 7 ҷавони кишвар қисса мекунад. Бояд гуфт, ки филм бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳия шуда, беҳтарин филм барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.

Навобаста аз он ки Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов» фаъолияташро нав оғоз кардааст, филмҳои офаридааш дар кинофестивалҳои байналхалқӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

— Филми кутоҳҳаҷми «Коса»:  — ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» дар Фестивали кушоди  Осиёи Миёнагӣ «Орзу» дар Лондон, ҷоизаи «Беҳтарин асари кӯтоҳ» дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ дар Стокголм, ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар ҷашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо».

— Филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» — Шоҳҷоизаи  Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар байни филмҳои ҳуҷҷатӣ дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз».

— Филми ҳуҷҷатии «Соҳибватан» —  ҷоизаи «Беҳтарин филм дар Соли ҷавонон» дар ҷашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо».

Ҳамчунин, Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов» филми ҳунарии наверо бо ном «САЙЁРА» сабт кард, ки моҳи майи соли ҷорӣ нахустнамоиши онро баргузор мекунад. Дар филм Қурбон Собир, Тағоймурод Розиқов, Таҳмина Раҷабова, Хуршед Мустафоев, Толиб Исмоилов ва дигарон нақш офаридаанд.

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *