Аз бойгонӣ:

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов давоми як ҳафта филмҳои таҳиякардаашро дар фазои боз ройгон ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд намоиш медиҳад.

Бино ба иттилои масъулини “Суғдсинамо”, намоиши филмҳо имрӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят шурӯъ гардида, то 16 апрел идома меёбад. Манбаъ афзуд, давоми як ҳафта сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд филмҳои «Ормонҳо», «Паймон», «Коса», «Духтари Сайҳун» ва «12 соли интизорӣ»-ро тамошо намоянд.

«Суғдсинамо» ду соли пеш таъсис ёфта ва раҳбарии онро Муҳиддини Музаффар, яке аз коргардонҳои ҷавон ва муваффақи тоҷик бар уҳда дорад.

Манбаъ: http://www.ozodagon.tj/

 

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *