Киностудияи «Суғдсинамо» лоиҳаи наверо амалӣ мекунад. Лоиҳаи «Филмҳои Суғдсинамо дар деҳаи Шумо». Лоиҳаро аз ноҳияи Б.Ғафуров оғоз кардем.

Дар ҷамоатҳои Овчиқалача ва Ғозиён будем. Раисони ҷамоатҳо дар паҳлуямон буданд. Чашмакони дурахшон ва хоҳиши зиёди тамошои филм дар фазои кушоди мардум, хоса кӯдакон моро руҳбаланд кард.

Ин лоиҳа дар муддати 100 руз дар 100 деҳаи вилоят, амалӣ мешавад.

Сарпарастони лоиҳа МИҲД вилоят, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, клиникаи «Луқмони Ҳаким» ва ТҚХ «Арванд» маҳсуб мешаванд. Ҳадафи киностудияи «Суғдсинамо» мардумӣ кардани филмҳои миллист.

 

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *