Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов дар наздиктарин фурсат ба наворбардории филми “Роҳнамо” шурӯъ хоҳад кард.

Дар ин бора маркази матбуотии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Муҳиддини Музаффар, директори муассисаи мазкур филм дар асоси ҳодисаҳои воқеӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Саидмурод Раҷабович Давлатов, соҳибкор ва нависандаи муосири тоҷик, доктори илмҳои психологӣ, асосгузор ва президенти Маркази байналмилалии рушди инсон “Само” наворбардорӣ карда мешавад.

“Се сол мешавад, ки мо аз рӯи филмнома кор карда истодаем ва ҳоло таҳрири охирин қисмати онро ба анҷом расонидем. Филм “Роҳнамо” ном дорад ва шаш ширкат мехостанд, ки дар бораи ман филм ба навор гиранд. Зиёда аз як сол мешавад, ки Муҳиддини Музаффар дар сафарҳо бо ман аст, аз муваффақияти шогирдони ман хабар дорад ва ба ҳамин хотир ман наворбардории филмро ба ӯ бовар кардам”,-мегӯяд Саидмурод Давлатов.

Филм аз он қисса мекунад, ки соли 1978 дар оила фарзанди даҳуми хонадон Саидмурод ба дунё меояд. Хурсандии оила дер давом намекунад, зеро замони як сола будани Саидмурод падараш ба таври фоҷиавӣ аз дунё мегузарад. Модараш ба мушкилиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, фарзандонашро тарбия мекунад ва аз ҳамин ҷост, ки Саидмурод имрӯз ҳамчун шахсият муаррифӣ шудааст.

Наворбардории саҳнаҳои филм аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки зодгоҳи Саидмурод Давлатов мебошад, оғоз гардида, баъдан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Маскав, Тюмен, Нур-Султон, Алмато, Қароғанда, Бишкек ва Даллас идома меёбад.

Омодагӣ ба филм ва интихоби ҳунармандон зиёда аз ду сол давом карда, барои наворбардорӣ ҳунармандон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русия даъват ва ҷалб карда мешаванд.

Муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов буда, продюсерӣ бар зимаи Ғафатуллин Илнур гузошта шудааст ва кори коргардониро худи Муҳиддини Музаффар ба ӯҳда гирифтааст.

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *