Дар таҳияи филм марҳилаи садогузорӣ басо муҳим аст. Чунки ҳангоми банду басти филм шарфаи пой, садои қадамзанӣ, овози ғиҷироси дар, тиреза, сухани қаҳрамон, хониши паррандагон, аккоси саг, ҳанга задани маркаб, мусиқии филм дар алоҳидагӣ ҷой дода мешавад.
Ҳамин аст, ки дар марҳилаи оҳангсозию садогузорӣ коргардони филми “Наставник” Муҳиддини Музаффар баъди майдони наворбардорӣ рӯ ба мутахасисони ҳирфаӣ овард.
Аз ҷумла, дар ширкати садогузории «Синематон» воқеъ дар шаҳри Алмато садогузории филмро ба зимма гирифтанд. Ин ширкат собиқаи ғании садогузорӣ ба филм дорад.

 

Таърихи садо: аввал садо буд….

Томас Эдисон 19 феврали соли 1878 соҳиби патент барои ихтирои фонограф, таҷҳизоти сабти овоз гардид. Аммо лентаи навори синамо андак дертар пас аз 20 сол ихтироъ шуд
Нахустнаворҳои синамо бидуни садо буд ва барои ороиши мусиқии филм ба толори синамо навозандаи пианино (тапёр) ва ё дастаи навозандагони оркестр таклиф мешуданд. Ҳатто, оҳансози машҳур Дмитрий Шостакович дар солҳои ҷавониаш дар кинотеатр ба сифати тапёр фаъолият намудааст.
Соли 1907 ширкати фаронсавии Патэ дастгоҳи аҷиберо ихтироъ намуд, ки овозҳои дар филм бештар садодиҳандаро такрор мекард, масалан садои тир, боридани борон, ҳуштак кашидан, раъду барқ, шамол, ва ғайраҳо. Ҳатто ҳангоми намоиши филм ду нафар паси пардаи кино истода ҳар гуна овозҳоро тақлид мекарданд.
Пайдо шудани филмҳои овоздор, филмҳои беовозро бо косибонаш ба қаъри таърих партофт. Дигар тапёр ҳам бекор монд. Бозори филмҳои беовоз касод шуд.
Касбҳои нав оҳангсози филм, садобардор, коргардони овоз, “шумовик”, оператори овоз, пардозгари овозу мусиқӣ рӯи кор омад. Дар филм овоз ончунон мавқеи устувор гирифт, ки ҳар боре ҳини навори саҳнаҳои филм коргардон баробари “Мотор” суоли “Звук?!”-ро ба забон меорад. Танҳо пас аз омода шудани таҷҳизоти садобардорӣ сабти саҳнаи филм шурӯъ мешавад.

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *