Ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон рўзи 23 май ҳамчун рузи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. 

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо идомадиҳандаи анъанаҳои неки давлатдории миллати куҳанбунёди мо ҳастанд.

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи афкори нав, эҷодкори тақдири имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ғамхории Пешвои миллат нисбати ҷавонон рўз аз рўз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтаринро дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омўзишгоҳу қоллеҷҳо фароҳам намудаанд.

Ба риштаи тасвир кашидани ҳаёти пурхурӯши ҷавонони вилояти Суғд аз ҷониби созандагони «Суғдсинамо” тавлиди филми “Соҳибватан” буд. Филми мустанад, дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон.

Инак, тавассути филми мазкур аз корнамоии ҷавонони комёби тоҷик ошно мешавем. Ҳар як қаҳрамон образҳои реалӣ буда созандагони филм бо онҳо дар сари кор ҳамсӯҳбат шудаанд.

Хирадмандии ҷавонони миллат дар филми мазкур таҷассум ёфтааст:

Он кас, ки ҳамнишини хирад шуд, зи ҳар насим,

Чун пари коҳ бесару сомон намешавад.

Филми мустанади “Соҳибватан” чун беҳтарин филм дар озмуни ТВ “Синамо” ба ҷоиза машурраф гардид.

Соли истеҳсол: 2017.

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *