Тими эҷодии “Суғдсинамо” ки айни замон дар шаҳри Москва нахустин филми ҳунарии байналмилалии “Наставник”-ро ба навор мегирад, тамоми мухлисону ҳаводорони синамо ва ҳамкасбони худро ба шарафи 90-солагии таъсиёбии кинои тоҷик табрик мегуяд.

Медонем, ки барои корзори кинои тоҷик маводҳои таърихӣ ва инъикоси кулли руйдодҳои ҷомеаи муосир саршор аст. Зиндагиномаи қаҳрамонони миллати тоҷик худ маводест барои сабти филмҳои ҷолиби мустанаду бадеӣ. Ин ҳама моро водор мекунад, ки дар рушди синамои миллӣ масъулияти томро эҳсос намоем.

Бори дигар азизони дилу дидаро ба шарафи Рузи кинои тоҷик шодбош намуда, чун ҳадяи идона филми ба тозагӣ ба забони русӣ дар Маскав дубляж шудаи “Коса”-ро ки дар 5 кинофестивал соҳибҷоиза шудааст ва муаррифгари “Суғдсинамо” ва синамои миллӣ мебошад, дар толори синамои шабакаи ЮТУБ “Суғдсинамо” пешкаши шумо менамоем.

Ид муборак, аз филмҳои “Суғдсинамо” баҳраёб гардед!

С Днем таджикского кино!

В далеком 1929 году первый поезд прибыл на железнодорожный вокзал города Душанбе и это было снято на кинокамеру. Так и рождался День таджикского кино.

Сегодня 90-летие таджикское кино отмечает и киностудия “Сугдсинамо” , которое находится на съемках международного проекта фильма “Наставник” в городе Москве.

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *