Соли 2009 аз хусуси филмбардории як дастаи ношиноси ҷавон дар Конибодом шунида, андак тамасхур задам, ки ин бачаҳо куҷою филмбардорӣ куҷо. Охир, замони салтанати шӯравӣ Тоҳир Собиров ба корвони созадагони “Тоҷикфилм” меҳмони Конибодому Исфара шуда бо иштироки ситораҳои синамо ва дастаи мунтахаби эҷодию техникӣ давоми ду се моҳ як филм мебардошт.

Аммо соли 2010 пас аз тамошои филми ҳунарии “Ормонҳо” ба созандагони филм Муҳиддини Музаффар, Фарҳоди Ғаффорпур, Ғайрати Қодир, Дилшоди Абдулло даст дода табрик ва ба оғӯш кашидам. Аммо чеҳраи созандагони филм изтироболуд буд. Чунки мушкилоти молиявӣ доштанд. Ниҳоят ширкати “Ҳамсадо” филми “Ормонҳо”-ро харидорӣ намуд ва то андозае ин мушкилот рафъ гардид.

Даҳ сол сипарӣ шуд аз истеҳсоли филми “Ормонҳо”. Аммо қимати бадеии филм коҳиш наёфт. Муҳим ин филм барои устувор гом ниҳодан дар таъсиси муссисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов саҳми сазовор гузошт.

Писари ягонаи сардори милиса даст ба ду ҷинояти мудҳиш мезанад, яке таҷовуз ба номус ва дигаре садамаи нақлиёт. Полковники милиса дар ҳолати ногувор боқӣ мемонад. Ба болои сӯхта намакоб духтари таҷовузшуда худро овехтаасту марди зери чархи мошин монда ҳалок шудааст. Ба замми ин ҳамсари худи полковник чанд сол пеш вафот карда буд. Инак, дар чорроҳаи зиндагӣ танҳо монда аст полковник …

Қурбони Собир, Моҳпайкар Ёрова, Мавлона Наҷмидинова, Фарҳод Тухташев, Хушнуди Дадо, Муҳиддини Музаффар, Умарҷон Сатторов, Юнусалӣ Эргашев, Дилбар Сулаймонова, Раҷабгул Қосимова, Обидҷон Назаров дар филм ҳунарнамоӣ кардаанд.

Бо таҳияи ин филми ҳунарӣ Муҳиддини Музаффар исбот намуд, ки дар шароити як музофот ҳам бидуни корвони синамо филми ҳунарӣ офаридан мумкин аст ва ҳақи таъсиси як киностудияи хосаро пайдо намуданд.

Зайнидин Орифӣ, Киношинос

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *