Маъракаи густурдаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии вирус ва эълони пандэмия сокинони сайёраи заминро гӯшанишин, хонанишин, узлатнишин, чилланишин намуд.  Олами синамо тавасути экранҳои телевизион ва шабакаҳои иҷтимоии интернет мухлисони худро ба маротиб афзоиш дод.

Чун дари толорҳои азими театру синамо имрӯзҳо аз хавфи паҳншавии вируси COVID-19 пӯшида шуд, дар чанде аз мамлакатҳо ходимони кино раҳи дигари намоиш додани филмҳои ҳунариро ёфтанд. Масалан, намоиши филмҳо дар фазои кушод дар Корея. Тамошобинон ба тамошои кино бо нақлиёти шахсии худ омада дар истгоҳи автомобилҳо аз мошини худ берун нашуда тамошо мекунанд. Ва ё дар саҳни ҳавлии хонаҳои серошёнаи Италия дар экрани калонҳаҷм филм намоиш дода мешавад ва мардум дар  балкони хонаҳои худ нишаста филмро дар фазои кушод тамошо мекунанд.

Кино моро тарбия мекунад. Дӯстӣ, рафоқат, инсондӯстиро талқин менамояд, сифатҳои хуби инсониро мекушояд. Кино олами зебоиро ба пеши назари мо ҷилвагар мекунад. На танҳо зебоии зоҳириро балки забони ботиниро ҳам. Табиати зебои рӯи замин, муҳаббати дилҳои инсонӣ, фикрҳои ҷасур ва баландпарвози инсониро ба мо талқин мекунад. Пас, кино мураббист.

Киношиноси тоҷик Ато Аҳроров ҳанӯз соли 1974 ба номи “Санъати кино” китоберо дар нашриёти “Ирфон”  бо теъдоди 8000 нусха  ба табъ расонида чунин маълумоти оморӣ пешниҳод намудааст:

“Ҳоло миқдори якрӯзаи тамошобинон, ки вориди кинотеатрҳои мамлакат мешаванд, ба 13 миллион мерасад. Дар як сол ин шумора то 5 миллиард меафзояд. Миқдори солонаи тамошобин рӯи ҷаҳон бошад, 12-13 миллиардро ташкил мекунад. Магар ин шумораи хурд аст? Киноро санъати миллиардҳо гӯем, хато намешудагист! “

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов” иқдоми навро пеш гирифт. Дар шабакаи Ютуби интернет  толори синамои худро таъсис дод ва акнун дар ақсои олам мухлисони синамои миллӣ филмҳои “Ормонҳо”, “12-соли интизорӣ”, “Коса”, “Умар-ако”, “Паймон” , “Духтари Сайҳун”,  “Канд”, “Разве это жизн” дар иҳотаи оила ва дӯстони худ тамошо карда метавонанд.

Аммо филмҳои нави ҳунарии “Тангно”, “Вақте сайёра ранг иваз мекунад” ва “Саргузашти Алишер” дар кинотеатрҳо намоиш дода мешавад.

Умедворем, бо бартараф намудани маъракаи ҷилавгирӣ ва беҳтар шудани авзои иҷтимоӣ намоиши филмҳо дар толорҳои синамо барқарор карда мешавад.

Канали мо дар youtube: https://www.youtube.com/channel/UCTpmmgWuZcGsdoJKkhalgHQ

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *