Як сол муқаддам дар гармои тобистон тими “Суғдсинамо” ба деҳаи Ашти ноҳияи Ашт хайма зад. Темури Султон ба наворгирии нахустин филми ҳунарии худ ба номи “Саргузашти Алишер” даст зад. Продюсери филм Муҳиддини Музаффар аз худи Маскав ҳунарпешаи ҷавон Сергей Устро пайи иҷрои нақши марказӣ овард. Филми мазкур давоми як моҳ дар Ашту Айнӣ ва Қайроқум наворбардорӣ шуда, бо беҳтарин дастгоҳи тасвирбардории Наврӯз Саидов, оҳангсоз Зайнидин Каримов, директори филм Абдусафо Қосимов, тадвини Султон Усмонов, нурпардозии Фаридуни Музаффар, ёварии Искандар Ҳодизода, Алламуроди Одина, Гулнора Асадбекова, рассом Абдуазизи Абдураҳмон, вассофии Зайнидини Орифӣ ҳамчун як филми ҳунарӣ 11-уми январи соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд манзури тамошобин гардид.

Это слайд-шоу требует JavaScript.

Филми “Саргузашти Алишер” ба сафар омодагӣ мебинад. Баробари беҳтар шудани авзои муқовимат бо вируси COVID-19  филми мазкурро дар саросари мамлакат ва берун аз он намоиш медиҳанд.

 

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *