Ҳанӯз айёми донишҷуӣ дар филми “Паймон” ошиқи “Суғдсинамо” шуд ва шармида назди коргардони филм Муҳиддини Музаффар омад то талаби шомили гуруҳ шудан кунад. Соли 2013 буд. Ва даъвати коргардонро расо 6 сол интизор шуд. Як рӯзи баҳорӣ Муҳиддин занг зад ба Искандар: Агар ҳавсалаат, пир нашуда бошад, биё ба “Суғдсинамо”, ёвари коргардон мешавӣ!


Инак, иҷозати даст расондан ба асбобҳои синаморо пайдо кард Искандар ва ба ҳар коре дар рафти наворгирӣ ба дасту дили гарм часпид. Ба шавқи том вориди олами синамо гардид. Аз ягон кори сияҳи мушкил даст накашид. Бо ҷуссаи сабуки худ бори вазнин мекашонд. Дар қалбаш машъали синамо фурузон!
Дастпарвари факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ҳамвора коргардони намоишҳои театрикунонидашудаи клуби шаҳраки Нафтободи Исфара. Ба маоши ками аҳли ҳунар қаноат мекунад. Рисолати падариро назди фарзандон ба ҷо меорад.
Искандари Ҳодизода мисли дигар ҷавонони эҷодкор ба умед ба остонаи “Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов” гом ниҳодааст, то дар пардаи синамо орзую омолашро ба тасвир кашад. Он рӯз дур нест, ки филми Искандари Ҳодизода тақдим аз “Суғдсинамо” дар толорҳои фестивалҳои синамо ба намоиш гузошта шавад.
Ҷашни мавлуд муборак Искандари Ҳодизода! Воқеан ҳам ба силоҳи синамо чун Искандар мулкҳои қалби мухлисони синаморо тасхиру тороҷу ошиқ намоед ва ҳодии ҳамсолони худ бошед!

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *