Филми “Паймон” қисми 1

Фаридун ном ҷавоне,ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардааст дар зиндагӣ мақеи хешро пайдо карда наметавонад. Ҳарчанд дониши кофӣ ва истеъдоди воло дорад, аммо ҷойи кор намеёбад. Ҳамсари зебои ӯ Малика ҳамеша мададгори ӯст. Кор ба ҷое мерасад, ки барои аз гуруснагӣ раҳо кардани хонаводааш ба куштани нафаре розӣ мешавад.  Ҷавондухтари маъюбе бо номи Ситора, ки дигар  зиндагӣ барояш арзиш надошт, аз Фаридун хоҳиш мекунад, ки дар ивази пули зиёд ӯро ба қатл расонад. Ин куштор ҳам Ситораи маъюбро аз азоби зиндагӣ халос мекарду ҳам оилаи Фаридунро аз мушкилоти моддӣ мебарорад. Оё Фаридун розӣ мешавад? Тамошои қисми аввали филми “Паймон” ба ин суол посух мегуяд.

Филми «Паймон» қисми 2

Куштори асрорангези Ситора ба сари Фаридун чӣ мушкилиҳоро пеш меорад. Оё Ситораро Фаридун бикушт? Ва ё каси дигар? Чаро кушт? Пушти ин куштор кӣ ва манфиати кӣ меистад? Чаро ҳамаи ин воқеаҳо маҳз ба сари  Фаридун омад?  Милитсионер Зубайд, ки  сари куштори Ситора пайдо шуду ҳамеша Фаридунро пайгирӣ мекунад оё чизеро медонад? Посухи ин саволҳо танҳо дар қисми дуюми филми “Паймон”.

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *