Садоқат ба пешаи худ рукни муҳими Фаридуни Музаффар аст, ки дар тими “Суғдсинамо” ба сифати нурпардоз ва садобардор заҳмат мекашад. Дар ҳар ду пеша ҳам Фаридун комёб аст ва асрори ин комебӣ шавқи беандоза ба олами техника аст.

Ба олами паррандаҳо низ муҳаббати хос дорад. Бештар ба “облаваи” саъбаҳо машғул аст. Лаби бом ва болои дарахтон қафас гузошта паррандаҳои хушхонро ба дом меафтонад.

Ҳам дар театр  ва ҳам синамо ягон кори техникию таъмириро бе иштироки Фаридун тасаввурнопазир аст.  Ин хел  йигити панҷ панҷааш ҳунар дар ҳар тими наворбардорӣ мутахасиси нодир аст.

Ҳатто дастгоҳи кинонамоишдиҳиро  дар ҳар мавзеъ насб карда филм намоиш медиҳад.

Ана ҳамин ҷавони ҳунарманд имрӯз зодрӯз дорад. Барояш бахту саодати  рӯзгор ва комёбиҳои эҷодӣ таманно дорем. Шоҳрухи Дадо гуён худро ба ҳамон актёри машҳури ҳинду Шаҳруххон низ шабоҳат додааст. Пас дар қалбаш меҳри синамо маъво гирифтааст.

Аллакай даҳ филму спектаклро Фаридун бо нур ва садо таъмин намуд.  Аммо пайваста дар омӯзиш аст. Ният дорад ки устоди касби худ шавад.

Барояш амалӣ шудани ҳамин нияти некро дорем.

Хадамоти матбуоти

“Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов”

28-уми марти соли 2020

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *