Зоҳид аз тасбеҳ як ҷав маърифат ҳосил накард,

Гарчи аз тухми риё ин хӯшаро сад дона буд.

(Фонии Кашмирӣ)

Замони салтанати шӯравӣ дин нуфузи худро гум накарда буд. Ба иллати хурофотпарастӣ ва чаласаводии динӣ аҳкоми шариат маънидод мешуд. Риёкорӣ ҳам ҷой дошт.

Театр ҳамчун даргоҳи фарҳангӣ дари худро во намуда буд. Яке пайи дигар спектаклҳо ба саҳна гузошта мешуд. Як қишри театррав тарбия меёфт. Чи дар пойтахт ва чи дар музофот мардумро ба театр таклиф мекарданд.

Соли 1969 театри Конибодом аз нав мақоми давлатӣ ва мусиқӣ-драмавӣ гирифта намоиши “Зафар ва Заррина” бо иштироки Болтабой Бӯриев ва Истад Муҳамадҷонова ба саҳна гузошта шуд. Ҳунармандон ба овози зинда ва оркестри асбобҳои халқӣ зинда баромад намуданд. Ин як тӯҳфаи шоҳона буд, ки дар саҳнаи театри музофотӣ оркестр зинда навозаду ҳунармандон суруди зинда хонанд. Одатан, ба чунин спектаклҳои оркестри зинда навозанда шоҳзодаҳо ва хостагон мерафтанд, то аз санъати асил баҳраёб шаванд.

Дертар спектакли “Нурхон”-и Комил Яшин ҳам ба чунин тарз садо дод, ки ҳунарпеша Истад Муҳамадҷонова яке аз нақшҳои марказиро меофарид.

Садои дилошӯби Истад Муҳамадҷонова тавассути сафарҳои ҳунарӣ дар тамоми қаламрави водии Фарғона шӯҳратёр гардид. Театри Конибодом ба водии Зарафшон низ сафар мекард. Муаллими мактаби ба номи Бедили деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ Маҳмуд Одинаев мегӯяд солҳои 80-ум ба клуби деҳа аҳли ҳунармандони театри Конибодом меҳмон шуданд. Вақте рубоб ба даст гирифта як зани хушқаду қомат бо ду кокули дароз ва тоқии гулдузию куртаи атлас ба саҳна баромада ба торҳо нохун заду сурудҳои дилошӯб дар фазои деҳа танинандоз гардид, ҳама моту маҳбут шуданд. Ин ҳунарпеша Истад Муҳамадҷонова ном дошт, ки аз ин пеш танҳо тавасссути радио садояшро мешунидем. Консерти хотирмон буд, ки ба гузашти чил сол ба некӣ аз он маъракаи фарҳангӣ ёд мекунем.

Дар пардаи синамо коркардони ҷавон Муҳиддини Музаффар кӯшиши намуд,  ҳунарпеша Истад Муҳамадҷоноваро барои иҷрои як қатор нақшҳои  гуногун дар филми “Тангно”, “Паймон”, “Ормонҳо” ҷалб созад.

Аз пистони қисмати Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Истад Муҳамадҷонова шире фаровон андар олами санъат рехта. Ва насле аз ин шир ком бардошта ба воя расид.

Давлати дунё надорад як пари коҳ эътибор,

Умрҳо мо ҳам ба сар боли ҳумое доштем.

 

Ва ё дар ҷои дигар шоир мефармояд:

 

Эй баста ба дил сад гиреҳ аз хоҳиши дона,

Чун риштаи тасбеҳ марав хона ба хона

Ҳамчунин Фонии Кашмирӣ мефармояд, ки:

 

Эй худпараст, чанд парастори худ шавӣ,

Бар гирди хештан хатти паргори худ шавӣ

То бехабар нагашт кас аз худ хабар наёфт,

Бигзар зи худ, ки воқифи асрори худ шавӣ

Бигузор Истад Муҳамадҷонова садсолаҳои дигар аз баҳори умр гул чинаду олами санъатро мунаввар намояд.

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *