Санаҳои 22 ва 23-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Конибодом нахустнамоиши филми нави Суғдсинамо бо номи «Сайёра ранг иваз мекунад» доир гардид. Дар нахустнамоиш ҳайати корӣ ва ҳунармандон иштирок доштанд. Нахустнамоиш дар сатҳи дилхоҳ гузашт. Дар кӯтоҳтарин фурсат рафти нахустнамоиш ва гузашти ҳунармандон аз қолини қирмизиро дар саҳифаҳо хоҳем гузошт.  

Сайёра фарзанди ягонаи Фаридро ба қатл расонид. Фарид Сайёраро барои қатли фарзандаш бад мебинад ва мехоҳад аз ӯ қасосашро бигирад. Аммо баъди ошно шудан аз ҷаҳони ботинии духтар ва ҳодисаҳои ба миён омада, Фарид ба андеша фурӯ меравад, ки фарзандашро чигуна тарбия кардааст?! Ҷавондухтар марди рӯзгордида ва ҷаҳонгаштаро маҷбур мекард, то ботини худро дарёбад. Фарид […]

Дирӯз бо иштироки олимон, зиёиён, ҳайати эҷодии «Суғдсинамо», тамошобини оддӣ тамошои аввалини филми «Сайёра ранг иваз мекунад» баргузор гардид. Дилбар Самадова, Шарифҷон Тоҷибоев, Дилноза Каримова ва дигарон пас аз тамошо андешаҳои худро барои беҳтар кардани рафти тадвин гуфтанд. Бояд қайд кард, ки «Суғдсинамо» дар ҳар филм ин гуна чорабиниро баргузор мекунад. Филми «Сайёра ранг иваз […]

Филми нави «Суғдсинамо» бо ном «Сайёра ранг иваз мекунад» дар марҳилаи тадвин, рангпардозӣ, садогузорӣ ва оҳангсозӣ қарор дорад. Ин аввалин намунаи постер-трейлери филми мазкур аст. Рӯзҳои наздик филми «Сайёра ранг иваз мекунад»-ро аз кинотеатрҳои кишвар тамошо карда метавонед.