Киностудияи «Суғдсинамо» лоиҳаи наверо амалӣ мекунад. Лоиҳаи «Филмҳои Суғдсинамо дар деҳаи Шумо». Лоиҳаро аз ноҳияи Б.Ғафуров оғоз кардем. Дар ҷамоатҳои Овчиқалача ва Ғозиён будем. Раисони ҷамоатҳо дар паҳлуямон буданд. Чашмакони дурахшон ва хоҳиши зиёди тамошои филм дар фазои кушоди мардум, хоса кӯдакон моро руҳбаланд кард. Ин лоиҳа дар муддати 100 руз дар 100 деҳаи вилоят, […]

Дирӯз бо иштироки олимон, зиёиён, ҳайати эҷодии «Суғдсинамо», тамошобини оддӣ тамошои аввалини филми «Сайёра ранг иваз мекунад» баргузор гардид. Дилбар Самадова, Шарифҷон Тоҷибоев, Дилноза Каримова ва дигарон пас аз тамошо андешаҳои худро барои беҳтар кардани рафти тадвин гуфтанд. Бояд қайд кард, ки «Суғдсинамо» дар ҳар филм ин гуна чорабиниро баргузор мекунад. Филми «Сайёра ранг иваз […]