Сайёра фарзанди ягонаи Фаридро ба қатл расонид. Фарид Сайёраро барои қатли фарзандаш бад мебинад ва мехоҳад аз ӯ қасосашро бигирад. Аммо баъди ошно шудан аз ҷаҳони ботинии духтар ва ҳодисаҳои ба миён омада, Фарид ба андеша фурӯ меравад, ки фарзандашро чигуна тарбия кардааст?! Ҷавондухтар марди рӯзгордида ва ҷаҳонгаштаро маҷбур мекард, то ботини худро дарёбад. Фарид […]

Филми “Коса” аввалин филми киностудяи Суғдсинамо буда, дар мавзуи эҳтироми калонсолон офарида шудааст ва мушкилоти хонаводагии се насли як оиларо қисса мекунад.Қисса дар бораи муносибату ҳақшиносии падарбузург падар ва писар аст. Истеҳсол 2015 Вақт 28 дақ Дорандаи се ҷоизаи байналмиллалӣ дар дохил ва беруни кишвар.

Барои сохта шудани филми “12 соли интизорӣ” гурӯҳи эҷодии Суғдсинамо наздик ба 24 моҳ заҳмат кашиданд ва 350 ҳазор сомонӣ хароҷот намудаанд. Аммо муҳимтарин ҷузъиёт ин аст, ки дар филм беҳтарин ҳунармандони кишвар нақш офариданд ва филм сертамошобинтарин филми ватанӣ аст. Бо ҳунармандони бузурги кишвар ба мисли Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Муҳаммадҷон Шоидев, Нозим Меликов, Моҳпайкар Ёрова, […]

Филми “Паймон” қисми 1 Фаридун ном ҷавоне,ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардааст дар зиндагӣ мақеи хешро пайдо карда наметавонад. Ҳарчанд дониши кофӣ ва истеъдоди воло дорад, аммо ҷойи кор намеёбад. Ҳамсари зебои ӯ Малика ҳамеша мададгори ӯст. Кор ба ҷое мерасад, ки барои аз гуруснагӣ раҳо кардани хонаводааш ба куштани нафаре розӣ мешавад.  Ҷавондухтари […]