Аз бойгонӣ:

Рӯзҳои аввали моҳи сентябр дар Қазон фестивали байналмиллалии кинои мусалмонон баргузор гардид, ки ба он як филми кӯтоҳмуддати тоҷикӣ низ роҳ ёфт. Филми “Коса”-и Муҳиддини Музаффар ба воситаи фестивали мазкур се роҳхат ба фестивлҳои байналмиллалӣ ба даст овард.

Филми кӯтоҳмуддати «Коса», ки тавассути Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо коргардонии Муҳиддини Музаффар ба навор гирифта шудааст, дар Қазон се роҳхатро ба фестивалҳои байналмиллалӣ  ба даст овард,  қайд мекунад  хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд таъсис ёфта, давоми як сол се филм- филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун», филми кӯтоҳмуддати «Коса» ва филми бадеии «Дувоздаҳ соли интизорӣ»-ро ба навор гирифтааст.

Хотиррасон мекунем, ки коргардон Муҳиддини Музаффар рӯзҳои наздик ба сабти филми дарозмуддати дигар бо номи «Тангно» аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон дар шаҳри Панҷакент оғоз мебахшад. Муассисаи давалатии «Суғдсинамо» ба нақша гирифтааст, ки аллакай аз моҳҳои аввали соли оянда сар карда, филми тазае бо номи «Вақте, ки сайёра ранги худро дигар мекунад » сабт менамояд.

Манбаъ: https://sputnik-tj.com

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *