Аз бойгонӣ:

Имруз одаме нест, ки аз филмҳои “СУҒДСИНАМО” беҳабар бошад, “Паймони” онро тамошо кардаву “12 соли интизорӣ”ро интизор нашуда бошад. Инак аз тарафи “СУҒДСИНАМО” боз як иқдоми нек.  Бахшида ба 2 солагии киностудияи “СУҒДСИНАМО”  аз санаи 10 то 16 апрел дар боғи собиқ Камоли Хуҷандӣ , ки алҳол Қалъаи Хуҷанд ном дорад, ҳамаи фильмҳои “СУҒДСИНАМО”  ройгон ба намоиш монда мешавад. Мо бо директори филмҳои киностудияи “СУҒДСИНАМО” Осими Орифпур дар бораи ин  иқдоми нек мусоҳиба гузарондем:

–              Умуман дар ин чорабинӣ чанд филм ба намоиш гузошта мешавад?

–              Аз санаи 10 то 16 апрел дар боғи собиқ Камоли Хуҷандӣ , ки алҳол Қалъаи Хуҷанд 5 филми  киностудияи “СУҒДСИНАМО”,  “ОРМОНҲО”, “ПАЙМОН”, “КОСА” “ДУҲТАРИ САЙҲУН”, “12 СОЛИ ИНТИЗОРӢ”, ки дар давоми ду сол гирифта шудааст ройгон ба намоиш монда мешавад.

–              Ин лойиха чӣ гуна мегузарад?

–              Аз ҷониби “СУҒДСИНАМО” аз ҷониби сарпарастони ин лойиҳа тамошобинонро тўҳфаҳои ҷоли ва қимматбаҳо гузошта мешавад ва нафароне, ки дар ин чорабинӣ иштирок мекунанд баробари тамошои ройгон боз соҳиби тўҳфа ҳам мешаванд.

–              Тамошобинон метавонанд  диски он филмҳои ба намоиш мондаро харидорӣ кунанд?

–              Дар ин навбат диски филмҳои “ПАЙМОН”, “КОСА” “ДУҲТАРИ САЙҲУН” ба фурўш гузошта мешавад.

–              Боз чӣ гуна сюрпризҳо моро интизор аст?

–              Як шоу-барномаи хуб бо иштироки ситораҳои, ки саундтрекҳои филмҳои моро иҷро карданд, шуморо интизор аст

–              Ҳар рўз бо як филм ё дар як рўз ҳама филм?

–              Ҳама филмҳо ба намоиш монда мешавад, ҳар рўз ҳар гуна филм.

–              Чорабинӣ аз соати чанд сар мешавад?

–              Чорабинӣ аз соати 19:00 оғоз мешавад ва то соати чанд давом дода мешавад аз хронометражи филми ба намоиш монда шудаистода вобастагӣ дорад.

Ўктам РИЗАЕВ “Замон”

Манбаъ: http://zamon.org/

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *