Дар таҳияи филм марҳилаи садогузорӣ басо муҳим аст. Чунки ҳангоми банду басти филм шарфаи пой, садои қадамзанӣ, овози ғиҷироси дар, тиреза, сухани қаҳрамон, хониши паррандагон, аккоси саг, ҳанга задани маркаб, мусиқии филм дар алоҳидагӣ ҷой дода мешавад. Ҳамин аст, ки дар марҳилаи оҳангсозию садогузорӣ коргардони филми “Наставник” Муҳиддини Музаффар баъди майдони наворбардорӣ рӯ ба мутахасисони […]