Барои сохта шудани филми “12 соли интизорӣ” гурӯҳи эҷодии Суғдсинамо наздик ба 24 моҳ заҳмат кашиданд ва 350 ҳазор сомонӣ хароҷот намудаанд. Аммо муҳимтарин ҷузъиёт ин аст, ки дар филм беҳтарин ҳунармандони кишвар нақш офариданд ва филм сертамошобинтарин филми ватанӣ аст. Бо ҳунармандони бузурги кишвар ба мисли Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Муҳаммадҷон Шоидев, Нозим Меликов, Моҳпайкар Ёрова, Хуршед Мустафоев ва Таҳмина Раҷабова кор кардан ба коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар дар ин лоиҳа оё саҳл буд? Сирри муваффақияти филми “12 соли интизорӣ” дар чист?  Тамошо кунед ва огоҳ шавед, ки филм бо чӣ душвориҳое ба навор гирифта мешавад.

МАВОДҲОИ МОНАНД

Write a comment

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *